Соли сипаришуда 149 корхонаи саноатӣ аз кор монданд. Теъдоди корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, дар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 40 адад, вилояти Хатлон 39, Суғд 32, Бадахшон 5 ва шаҳри Душанбе 33 ададро ташкил додааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин мавзуъ изҳор намуд, ки сабаби аслии қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо рақобатпазир набудани маҳсулоташон дар бозор, надоштани ашёи хом ва мавҷудияти қарзҳо аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳо дар назди буҷети давлатӣ будааст.
- Таҳлилҳо нишон доданд, ки 45 корхона дар марҳилаи барҳамхӯрӣ ва муфлисшавӣ, 29 корхона бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот ва надоштани ашёи хом, 23 корхона бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот ва 43 корхона бо сабабҳои мавҷудияти қарзҳо аз ҳисоби андозу пардохтҳо фаъолияти хешро қатъ кардаанд, - иброз дошт вазир.