Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир дар қаламрави вилояти Хатлон 3535 иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд гардидааст, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ фароҳам гардидааст. Дар умум давоми соли 2019 дар вилоят 50 ҳазору 697 ҷойҳои нави кори доимию мавсимӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора Курбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо ташаббуси соҳибкорону саховатмандон ва мардуми заҳматкаши вилоят соли 2018 1061 ва соли 2019 2474 адад иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасониҳои гуногун сохта ба исифода дода шудааст. То ҷашнвораи мазкур дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии зиёда аз 7400 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар гуфтаи Қурбон Ҳакимзода дар соли сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ин ҳисоб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 469 миллион доллари америкоӣ аз худ карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон изҳор дошт, ки дар соли 2019 гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион доллари америкоиро ташкил дода, ки нисбат ба соли гузашта, 36,4 миллион доллар зиёд аст. Дар самти гардиши савдои хориҷӣ ҳаҷми содирот ба 46 фоиз ва воридоти молу маҳсулот ба 54 фоиз баробар шудааст. Дар қисмати содироти молу маҳсулоти вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар ҳиссаи нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагӣ 21 фоиз, семент 15 фоиз ва қувваи барқ 34 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба қаламрави вилояти Хатлон асосан, шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, гӯшт ва орду гандум ворид гардидааст. Тибқи иттилои манбаъ гардиши моли чакана дар соли гузашта ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2 миллиарду 64 миллион сомонӣ расидааст.
Зикр гардид, ки соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 90 корхона ва коргоҳҳо бо дарназардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тибқи “Нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2020” бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бунёди 112 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ дар назар дошта шудааст.
Вобаста ба нақши бонувон дар рушди иқтисодӣ- иҷтимоии вилоят ва ҳузури занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки айни замон 6 ҳазору 586 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 450 нафарашон хизматчиёни давлатӣ мебошад. Шумораи бонувони соҳиби дараҷаҳои гуногуни илмӣ дар вилоят ба 66 нафар мерасад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Хатлон