Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ сафар намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 219 ҳазор нафар зиёд мебошад. Омори мазкур имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи рушди сайёҳӣ дарҷ гардид.
Ширин Амонзода, раиси кумитаи мазкур гуфт, теъдоди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон ташриф меоранд аз 59 (2015) ба 146 давлат расид. Барои дар сатҳи хубтар қабул намудани сайёҳони дохиливу хориҷӣ танҳо дар соли 2019, 282 меҳмонхонаву осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу ҳостелҳо ва маҷмаааҳои сайёҳӣ хизмат расонидаанд.
- Ба гурӯҳи 20 – гонаи кишварҳое, ки сайёҳонашон ба ҷумҳуриамон зиёд сафар намудаанд, Ӯзбекистон дар ҷойи аввал, Россия дувум ва Қирғизистон дар зинаи севум қарор доранд. Соли 2019 аз Ӯзбекистон 8 ҳазору 443, Россия 1 ҳазору 986 ва Қирғизистон 1120 нафар сайёҳ ташриф овардаанд, - қайд кард Ширин Амонзода.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ бештар ба самти сайёҳии экологӣ буда, барои ҷалби аксари онҳо кумита лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» - ро роҳандозӣ намудааст, то сайёҳон аз ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии минтақаҳои дурдасти кишвар низ дидан намоянд. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои вилоятҳои Хатлону Бадахшон пешбинӣ гардидааст.