- Агарчи аз 97 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат 46 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанду як нафар аз муовинони вазир низ бону ҳаст, ҳамоно ин теъдод қонеъкунанда нест, - чунин ибрози ақида намуд Музаффар Ашуриён, Вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар сохторҳои зертобеи вазорат низ бонувон фаъолият мебаранд. Теъдоди бештари онҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ фаъолият доранд.
- 95 дарсади кормандони САҲШ занонанд. Тамоми мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо, худи сардори раёсат, 10 нафар сармутахассис, мутахассис ва мутахассисони пешбар занон мебошанд, - қайд карданд масъулин.