Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ беш аз 50 ҳазор нафар дар кишвар расман чун бекор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин теъдод 2,1 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дода шуд. Зикр гардид, ки ин миқдор таносуби шаҳрвандоне мебошад, ки ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанду мақоми бекорӣ гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрванди қобили меҳнат ба мақомоти шуғли аҳолӣ ва гирифтани мақоми бекорӣ, ӯ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулӣ ба муддати се моҳро дорад.
- Маблағи кӯмакпулӣ аз собиқаи суғуртавии ҳар як шаҳрванд вобаста аст. Вале он шахсоне ҳам, ки давоми 18 моҳи охир собиқаи суғуртавӣ надоранд, метавонанд кӯмакпулии ҳадди ақалро соҳиб гарданд. Инҳо нафаронеанд, ки аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва ё аз зиндонҳо озод шудаанд. Маблағи ҳадди ақал дар як моҳ 400 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо гардидааст - иброз дошт Эмин Сангинзода муовини вазир.
Гуфта шуд, ки танҳо дар соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ беш аз 100 ҳазор нафар барои ҷустуҷӯи кор муроҷиат намуданд ва ба 60 ҳазори онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуда, боқимонда бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.