- Новобаста аз он ки бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии ин маризӣ пурзӯр карда шудааст. Барои ташхис намудани каронавирус аз кишвари Россия 2000 адад системаҳои тестӣ ворид карда шуд. Ҳамчунин, 3 ташхисгоҳ барои ташхис ва ошкор намудани маризиҳои сироятӣ, бахусус коронавирус пурра омода ҳаст, ки ройгон шаҳрвандонро аз ташхис гузаронад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.
Вазири тандурустӣ қайд кард, ки 57 донишҷӯе, ки имрӯз ва фардо аз кишвари Чин оварда мешаванд, таҳти назорати ҷиддии табибон қарор хоҳанд гирифт.