Назорат бурдан ва ба танзим даровардани сурудҳои бемантиқи ҳунармандони мустақил берун аз салоҳияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, чунин қайд гардид зимни нишасти матбуотии вазорати мазкур, ки санаи 6 феврали соли ҷорӣ доир гардид.
Дар нишасти хабарӣ вазири тозаинтихоби Вазорати фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода ва муовинони ӯ ба суолҳои хабарнигорон посух гуфта, афзуданд, ки кормандони ин ниҳоди давлатӣ айни замон ягон фишанге надоранд, то пеши роҳи тавлиди сурудҳои пастмазмунро гиранд.
- Шӯрои бадеӣ дар Вазорати фарҳанг фаъолият дорад, ки тамоми мутахассисони соҳаро сарҷамъ овардааст. Ҳамаи сурудҳое, ки барои чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сабт мегарданд, аз шӯрои бадеӣ мегузаранду барои иштирок иҷозаю тавсияҳо мегиранд. Аммо вазорат ҳаққи манъ кардану ҷарима бастани сурудҳои ғайрикасбӣ ва бесифатро надорад, зеро ин хилофи қонунҳои амалкунандааст, - иброз дошт муовини аввали вазир Обид Назариён.