Санаи 5 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки дар соли 2019 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 6063 (35,2 %) нафарро бонувон ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 599 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 3124 нафар зан ҳамчун кормандони маъмурӣ, яъне нафароне, ки бевосита бо мизоҷон сару кор доранд, фаъолият менамоянд. Қайд гардид, ки аз ин миқдор 641 нафар бону (21,2 %) вазифаҳои роҳбарикунандаро ба зимма доранд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш дар соли 2019 низоми бонкии кишвар 114,1 миллион доллари ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 32,0 % зиёд мебошад. Инчунин, тағйирёбии қурби пули миллӣ дар соли 2019 дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии он танҳо 2,7 % коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба соли 2018 4,2 % камтар аст, қайд карданд масъулин.