Телевизиони «Сафина» яке аз шабакаҳои телевизонии фарҳангӣ маҳсуб ёфта, барои тамошобинон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешниҳод менамояд. Вале солҳои охир холӣ будани ҷойи барномаҳои муаллифӣ ва кам гардидани онҳо эҳсос мегардад. Вобаста ба саволи он ки «Чаро имрӯз барномаҳои муаллифӣ дар ин шабака кам гардидааст?», Носир Саидов директори телевизиони мазкур гуфт, барои барномаҳои муаллифӣ журналистони ҳирфаӣ лозиманд.
- Имрӯз се барномаи муаллифӣ тариқи телевизиони мо пешкаш мегардад, ки ин ниҳоят кам аст. Мутаассифона, хоҳишмандони омода намудани барномаи муаллифӣ каманд, - қайд кард Носир Саид.
Ба хотири таҳияи барномаҳои ҷолибу дидани Телевизиони «Сафина» лоиҳаи пешниҳоднамудаи журналистони навоварро, ки ба формати ин шабака мувофиқанд, қабул ва маблағгузорӣ менамояд, қайд гардид дар нишаст.