Нуриддин Саид, раиси тозаинтихоби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба дигаргуниҳо дар самти фаъолияти телевизиону радиоҳо ва бозбинии маоши кормандон маълумот дод. Номбурда гуфт, корро аз ба роҳ мондани фаврият ва дақиқу возеҳ нашр шудани хабару иттилоот тариқи телевизиону радиоҳо шурӯъ намудааст. Инчунин, кормандон бо компютерҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.
- Тасмим гирифтаем дар баробари 15 фисад боло бурдани маоши кормандон аз моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ маблағи муайяне ба маоши онҳо зам намоем, - қайд кард Нуриддин Саид.