Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани нафақаи маъюбон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди мазкур ба рӯзноманигорон маълумот дода шуд.
- Дар навбати аввал нафақаҳои маъюбӣ 15 фоиз ва тадриҷан 50 фоизи дигар зиёд карда мешавад. Дар баробари ин нафақаҳои синнусолӣ, низ бозбинӣ мешаванд. Дар маҷмуъ аз рӯи таҳлилҳои пешакӣ, нафақаи 711 ҳазору 222 нафар 50 фоиз зиёд карда мешавад, - илова кард Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Ёдрас мешавем, ки Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола супориш доданд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, дигар гурӯҳҳои маъюбӣ ва нафарони ба нигоҳубин эҳтиёҷманд аз санаи 1 сентябри соли 2020 50 фоиз зиёд карда шавад.