Зимни нишасти хабарӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба нақзи Қонун«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаш моҳ 700 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба 686 нафар ба маблағи умумии беш аз 3,3 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.
Инчунин, теъдоди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 15 ҳазорро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2018 381 адад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ нисбат ба 5669 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8553 нафар ба маблағи 1- миллиону 370 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.