- «Амонатбонк» дар амри ҷалби бештари бонувон ба кор назар ба дигар бонкҳо пешсаф буда, шумори кормандон аз ҳисоби занон ба 1166 нафар расонида шуд, ки ин рақам аз шумори умумии кормандони соҳибтахассуси бонк 42 фоизро ташкил медиҳад, - қайд кард зимни нишасти хабарии бонки мазкур раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом.
Иттилоъ дода шуд, ки аз шумори 248 нафар кормандони дар соли 2019 ба кор қабулгардида, 61 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар соли 2019 «Амонатбонк» аз ҳисоби ҷалби бештари бонувон ба кор, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмуни байнисоҳавӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагони МО сарфароз гардидааст.
- Мо ба ҷалби бештари бонувон таваҷҷуҳ дорем. Дар ин самт корро ҷоннок намуда, мекӯшем дар ояндаи наздик шумори кормандонро ба нишондиҳандаи баробар, яъне 50 ба 50 расонем, - қайд кард Икромӣ Сироҷиддин Салом.