Санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки раиси Раёсати мазкур Ҳусайн Идиев нишасти матбуотӣ доир гардид. Диққати хабарнигоронро нархи нисбатан баланди маҳсулоти кишоварзӣ дар мошинҳои сайёри «Тоҷикматлубот», ки дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ба худ кашид.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар баробари гарон будани арзиши сабзавоту меваҷоти мошинҳои мазкур муносибати кормандони он бо харидорон дағалона сурат мегирад. Роҷеъ ба ин масъала, Ҳ. Идиев иброз дошт, ки дар ин самт камбудиҳо воқеан ҷой доранд ва месазад, ки шаҳрвандон ва намояндагони ВАО дар сурати ошкор намудани чунин камбудиҳо бо шахси масъул тариқи телефони 221-09-44 дар тамос шуда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар чунин нуқтаҳои фурӯш мусоидат намоянд. Роҷеъ ба ин, зикр гардид, ки ба таври мушаххас макони ҷойгиршавии ин мошинҳо бояд ишора карда шаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ намегардад ва дар соли 2019 даромади умумии аз натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба дастомада 102,7 миллион сомониро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба соли 2018 4,4 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Ҳамчунин, дар соли сипаришуда ҳаҷми ҳиссаҷудокуниҳои андоз аз ҳама намуди манбаъҳо ба буҷети мамлакат 31,0 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018 173 000 сомонӣ бештар мебошад.