- Соли гузашта бо дастгирии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакони як гурӯҳ ҷангиёни тоҷик аз давлати Ироқ ба ватан баргардонда шуданд. Ҳоло онҳо таҳти назорати ҳамешагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор доранд, - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ Бобозода Умед, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.
Ба гуфти масъулин пас аз бозгашт ҳолати равонии кӯдакон бад арзёбӣ шуда, таҳти назорати табибону равоншиносон қарор гирифтанд.
-Аз ин лиҳоз, муддате дидори онҳо бо хешу ақрабо маҳдуд карда шуд. То имрӯз равоншиносон бо онҳо кор мебаранд. Чанде пеш ба пайвандон иҷозаи аёдати кӯдакон дода шудааст. Ҳоло ин атфолу наврасон дар муассисисаҳои кӯдакона нигоҳдорӣ мешаванд ва вазъи саломативу шароити нигоҳдориашон хуб арзёбӣ мешавад, - қайд кард мавсуф.
Ба иттилои манбаъ дар соли 2019 302 адад муроҷиати хаттӣ ба дастгоҳи Ваколатдор ворид гардидааст.