- Зимни баргузории озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳои холӣ соли 2019 68 довталаби синни то 30-сола, аз ҷумла 8 нафар зан дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда шудаанд, - иброз дошт Илёс Идрисзода, раиси хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ санаи 31 январи соли 2020.
Қайд гардид, ки шумораи воҳидҳои корӣ 305 нафар муқаррар шуда, ба ҳолати имрӯза аз 299 нафар кормандон 33 нафарро занон ташкил медиҳанд ва 65-70 фоизи кормандон ҷавонони то синни 30 сола мебошанд. Идрисзода иброз дошт, ки то таъсис ёфтани Хадамот дар системаи иҷроия танҳо 17 нафар зан фаъолият менамуд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз 863 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, ки ба Хадамоти иҷро ирсол шудаанд, 448-тои он бевосита ба рӯёндани маблағҳои алимент вобастагӣ дорад. Нисбати 178 нафаре, ки дар муҳлати зиёда аз се моҳ маблағҳои алиментро насупурдаанд, бо пешниҳоди иҷрочиён аз тарафи мақомотҳои дахлдор, хусусан прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуданд.