Имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бо вуҷуди пурзӯр гардидани тадбирҳо дар ин самт, ҳамоно ҳолатҳои вайрон кардани қонун ба чашм мерсад.
- Танҳо дар соли соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 13 ҳазору 824 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст. Вобаста ба 12 ҳазору 128 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5308670 қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардиданд. Аз ин 4764292 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид,- иброз дошт Ориф Хоҷазода, раиси Кумита.
Ҳамчунин, номбурда илова намуд, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ 642 мавод ба прокуратура ва 668 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол гардидааст.