- Дар давоми соли 2019 аз тарафи кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ 4898 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 846 ҳазору 950 сомонӣ ворид карда шудааст, - хабар дод зимни нишасти матбуоти Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси Кумитаи мазкур.
Инчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои вайрон намудани қоидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ нисбати 91 нафар соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқгардида 129 ҳазору 510 сомониро ташкил медиҳад.
- Дар натиҷаи ташхисҳо маҳсулотҳои ба талаботи бехатарии озуқаворӣ ҷавобгӯ набуда 48 ҳазору 985 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 9 ҳазору 932 литр маҳсулоти ширӣ ,23 ҳазору 232 дона тухм, 154 ҳазору 965 килограмм меваю сабзавот, 1 ҳазору 24 килограмм моҳӣ, 1 ҳазору 693 литр равғани растанӣ ва 635 килограмм асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян шуда аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд, - иброз намуд М.Файзуллозода.