Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 75 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» рост меоянд. Ҳамчунин, ҳаҷми сармоягузорӣ низ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ афзуда, танҳо дар соли 2019 ба 146,3 млн. сомонӣ баробар гардидааст.
Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корҳо бо маром идома ёфта, дар назар аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ маросими кушодашавии корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баргузор шавад.
- Сармоягузори Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки яке аз калонтарин минтақаи озод маҳсуб меёбад, ширкати хитоии "TK-Oil" (Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd) мебошад. Ширкати мазкур аллакай ба маблағи 90 млн доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. Алҳол, дар асоси дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо роҳбарияти корхона ва кишварҳое, ки дар ин самт барои мо бояд мусоидат намоянд, фаъолият бурда истодаем. Ин пойгоҳ барои боркунӣ ва борфарории нафт мусоидат карда, механизми иловагӣ барои пешрафти кор мебошад. Ба корхона 1350 тонна нафт ба таври санҷиш ворид гардида, дар ҳолати омодабош қарор дорад, - иброз дошт Тоҷиддин Ҷуразода, муовини вазир.
Айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 407 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.