- Бо сабаби зиёд шудани талабот ба истеъмоли орд дар кишвари содироти он, нархи ин навъи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон низ боло рафт, - ин нуктаро имрӯз Абдулмаҷид Муминзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
- Моҳи август қиммати орд дар худи давлати истеҳсолкунандаи ин навъи маҳсулоти ғизоӣ, яъне Қазоқистон, ки мо аслан ордро аз ин давлат ворид мекунем, то 35 - 45 доллар боло рафт. Сабаб кам ҷамъоварӣ шудани ғалладона дар худи он кишвар мебошад. Агар деҳқонони қазоқ ҳамасола 14 миллион тонна ғаладона ҷамъоварӣ менамуданд, соли 2019 ин нишондод то ба 9 миллион тонна поён фаромад, - илова намуд мавсуф.
Ба иттилои номбурда аз миқдори умумии ҳосили ҷамъоваришуда дар Қазоқистон, наздики 1 миллион тонна ба ҷумҳурии мо ворид гардидааст. Эҳтимол меравад, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ, то замони ҷамъоварии ҳосили нави ғалладона арзиши орд боз боло равад.