Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров ширкат намуда, ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас гардонид.
- Барои рушди босуботи иқтисоди мамлакат ва таъмини ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорон 8 ихтисоси нав: Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, Бехатарии иrтисодӣ, Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо, Ҳуқуқи андозу бонкӣ, Ҳуқуқи гумрукӣ, Ҳуқуқи иттилоотӣ, Иқтисодиёти бизнеси электронӣ таъсис додем, - иброз дошт Фақеров.
Мавсуф зикр намуд, ки охири соли 2019, 6 барномаи таълимии донишгоҳ, аз ҷумла 4 барномаи бакалаврӣ ва 2 барномаи магистрӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификат гардидааст. Аккредитатсия талаботи байналмилалӣ буда, ба он маъност, ки дипломи ДДТТ берун аз Тоҷикистон ҳам эътироф мегардад.