Санаи 24 январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дарси маҳорат оид ба инъикоси дурусти раванди интихоботи вакилони халқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо иштироки намояндагони ВАО кишвар доир гардид.
Дар он роҷеъ ба тартиби иштироки журналистон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва таҳияи дурусти мавод, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо аз тарафи узви коммисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, коршиносони комиссияи марказии мазкур Аваз Назаров маълумот дода шуд. Инчунин оид ба масалаҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маърӯзаи коршиноси соҳаи технологияи иттилоотӣ Муҳаммадӣ Ибодуллоев шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва як ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҳар як ҳавза як вакил интихоб карда мешавад.
Намояндагони ВАО барои амалӣ намудани фаъолият дар раванди интихобот чанд номгӯи ҳуҷҷатҳоро барои ба қайд гирифтан ба комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ пешниҳод карда, аз аккредетатсия бояд гузаранд. Ҳамчунин, дахолати намояндагони ВАО ба кори комиссияи интихоботӣ манъ буда, дар рӯзи интихобот ба интихобкунандагон таъсир расондан мумкин нест. Рӯзе қабл аз интихобот ва дар рӯзи интихобот ягон хел мавод ва адабиёти таблиғотиро паҳн намудан низ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.