26 январи соли равон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни бостонии миллати тоҷик – Сада бо шаҳомати хоcса таҷлил карда шуд. Нахуст, дар саҳни майдони боғ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки онро намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин пажӯҳишгоҳҳову корхонаҳои саноатӣ ороста буданд, доир гардид.
Дар ҷашн намояндагони баландмақоми кишвар Абдуҷаббор Раҳмонзода, - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид - раиси Кумитаи телевизион ва радио, Зулфия Давлатова - Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру навоҳӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзида, аз растаҳои ҳунармандӣ ва намоишгоҳи кишоварӣ дидан намуданд.
Дар ҳар гӯшаи боғ гулханҳо ороста, мардум дар гирду атрофи онҳо рақсу бозӣ мекарданд. Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун рӯзи кашфи оташ низ гӯё таҷлил мекарданд. Оташ ба инсон на танҳо гармӣ мебахшад, балкӣ он чун рамзи рӯшноӣ ва муқаддасот мавриди парастиши иносоният қарор гирифтааст. Ниёгони мо 50 шабу 50 рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд. Яъне, Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз аст. Мувофиқи сарчашмахои таърихӣ сабаби Сада (сад) низ номгузорӣ шудани ин ҷашн аз ҳамин ҷост.
Сада ҷашни деҳқонон низ ҳаст. Маҳз дар ин шабу рӯз марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба таъриху тамаддун ва оину анъанаҳои бузурги миллат рӯ оварда, онҳоро дубора эҳё намуданд.
Барномаи ҳунарии аҳли санъати кишвар, ки тараннумгари ойину таъомулҳои ҷашни Сада буд, пешкаши тамошобинону меҳмонони ҷашнгоҳ гардид, ки ба дилҳо фараҳу ба ҷон роҳатмебахшид.