Санаи 14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чаҳор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 225, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» - Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон - Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Озмун аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи озмун ғолибони чаҳор номинатсия муаррифӣ гардиданд:
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин
Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек
Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова
Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:
Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо
Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои Азизиён
Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева
Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод гардид.
Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи амр ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ шуда буд. Охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими тантанавии супоридани мукофотпулӣ ба ғолибон баргузор мегардад.