Омодагиҳо бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Соли нави мелодӣ дар пойтахти кишвар оғоз ёфт.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ қомат меафрозад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши арчаи идона машғуланд. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он ба анҷом расад.
Мувофиқи маълумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе арчаи солинавии имсола аз арчаи соли гузашта 1-2 метр баландтар буда, то ба 29 метр мерасад. Арчаи идона бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светодиодӣ насб мегарданд.
Санаи 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ» баргузории шоу-барномаи солинавӣ ва дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи «Дӯстии халқҳо», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта мешаванд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат дар назар дошта шудааст.