Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Ба иттилои манбаъ тибқи ин қарор Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз, пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.