Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе - Плаза» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи Ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Ҳунармандӣ: заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила» баргузор гардид.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии косибону пешаварони пойтахт дидан намуда, ба кори эшон баҳои баланд доданд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, бобати ҳунармандӣ ва заминаҳои омӯзиши он дар оила ҳарф зад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар бораи нақши духтарону бонувон дар эҳёву рушди ҳунармандӣ мисолҳои ҷолиб овард.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки занон дар амалӣ гардидани барномаҳои марбут ба «Солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақши арзанда доранд.