Бахшида ба 20-умин солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Форуми якуми занони сарвари вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон» доир гардид. Пеш аз маросими расмии форуми мазкур меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунарии бонувони шаҳру навоҳии вилоят ошоноӣ пайдо намуданд.
Тавре пешавари ҳунарҳои гулу чакандӯзӣ ва санъати гулбаст аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қирғизмоҳи Самадова изҳор дошт, эҳёи ҳунарҳои гуногуни мардумӣ руҷуъи занон ба рушду такомули ҳунармандиҳои бостонӣ, ба бозор роҳ ёфтани дастранҷҳои ҳунармандон ва дигар дастоварду комёбиҳои занону духтарони даврони соҳибистиқлолӣ аз тасвиби Фармон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» сарчашма мегирад, ки барои наҷоти зан-модари тоҷик аз хурофот ва фаъолгардонии бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ асоси воқеӣ гузошт. Ин ва дигар имтиёзу дастгириҳои давлат бобати таҳкими ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баҳри муаррифии занони донишманду ҳунарвар имкониятҳои бузург фароҳам овард.
Қурбон Ҳақимзода, раиси вилояти Хатлон зимни суханронии хеш дар маросими мазкур аз нақши бонувон дар рӯшди иқтисодию иҷтимоиёти ҷомеа ёдовар шуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки занону дутарон зиёда аз 50 дарсади аҳолии вилоятро ташкил дода, имрӯз соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд.
Айни замон аз ҳисоби бонувони вилояти Хатлон як нафар узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят, 181 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо буда, дар маҷлисҳои вакилони халқ дар шаҳраку деҳот бошад теъдоди занону духтарон ба 1557 нафар мерасад. Ҳамчунин аз 2015 нафар хизматчиёни давлатии дар вилоят фаъолият дошта, 415 тои онҳо бонувонанд, ки аз ин шумора 190 нафарашон вазифаҳои роҳбариро ба уҳда доранд, - мегӯяд Қ.Ҳакимзода.
Бинобар тахлилҳои оморӣ имрӯз дар вилояти Хатлон 27 ҳазор 264 нафар соҳибкорзанон кору фаъолият дошта, аз 65 ҳазор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 12 ҳазору 732 адади онро бонувон роҳбарӣ мекунанд.
Дар форуми мазкур инчунин як зумра занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун суханронӣ намуда, оид ба фаъолнокии бонувон дар пешрафти ҷомеа ва саҳми арзандаи онҳо дар амалӣ шудани барномаву стратегияҳои муҳими давлатӣ изҳори андеша намуданд. Таъкид гардид, ки бонувон ҳамчун узви фаъоли ҷомеа дар тарбияи насли наврас, мубориза алайҳи равандҳои номатлуби ҷомеа нақши муҳим бозида метавонанд.