Бо ибтикори факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо маҳфили «Занони сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ» санаи 21 ноябри соли равон маҳфили маърифатию тарбиявӣ бо номи «Занон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа» бо иштироки васеи бонувони фаъоли кишвар ва донишгоҳ доир гардид.
Сараввал меҳмонон ва иштирокдорони маҳфил аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии донишҷӯдухтарони факултет дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ба бинандагон суруди «Алла»-и модар, ки аз ҷониби донишҷӯ иҷро гардид, басо ҷолиб омад.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Қутбиддин Муқимов кушода, аз манзалати Зан - Модар дар ҷомеаи имрӯза сухан гуфта, ҳадафи ҳамоиши мазкурро нишонаи олии арҷгузорӣ ба ин қишри ҷомеа арзёбӣ намуд. Баъдан Маҳбуба Азимова, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, Дилором Саидаҳмадова, омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, шоир Ҷумъа Махшул, А. Давлатзода сардори раёсати тарбия, Н. Умаров муовини КИ ҲХДТ «Молия ва иқтисод» дар н.Сино баромад карда, дар бораи манзалати Зан - Модар андешаҳои ҷолибу муассир иброз доштанд.
Баромадкунандагон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалисозии он зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Фармони Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид ва мо дар арафаи 20 - солагии он қарор дорем, - иброз намуданд маърӯзачиён.
Баромадкунандагон дар такя ба рақамҳои оморӣ болоравии мавқеи занонро дар ҷомеа зикр намуда, таъкид сохтанд, ки дар айни замон аз ҳисоби занон хизматчиёни давлатӣ 23,4%-ро ташкил медиҳанд. Феълан барои омода кардани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарон курсҳои махсус, аз қабили «Мактаби сарварони ҷавон», «Дипломатия», «Менеҷменти муосир» амал мекунад ва ҳамасола дар онҳо духтарони болаёқат аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок менамоянд.
Дар идома донишҷӯёни факулта ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён намоиши либосҳои миллӣ доир гардид, ки басо ҷолиб буд.