Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ оғоз гардид. Дар кори Форум намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раис ва котибони комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Нахуст филми кӯтоҳи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ба намоиш гузошта шуда, сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба кори Форум ҳусни оғоз бахшид. Ҳамчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки раиси комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак маҳсуб меёбад суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мояи ифтихор аст, ки миёни 200 давлати дунё танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, то барномаи аввалин оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро пешниҳод намояд.
- Барои амалисозии барномаи мазкур, ки то соли 2030 - ро дар бар мегирад, маблағҳои зиёде лозим меояд. Наздики 27 млрд доллари амрикоӣ зарур аст, то ба ҳадафҳо ноил гардем. Як ҳиссаи муайяни он аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо гардида, ба андозаи 16 млрд доллари амрикоии дигар аз ҳисоби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Зеро муҳайё сохтани ҳаёту зиндагии хубу осоишта барои кӯдакон бидуни маблағ ниҳоят душвор хоҳад буд, - иброз дошт А.Иброҳим.
Ба гуфтаи роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини, ки дар Форуми мазкур ширкат дошт, Тоҷикистон аз он кишварҳое маҳсуб меёбад, ки ҳамеша дар фикри беҳбудӣ бахшидани ҳаёти кӯдакон мебошад.
- Ҳатто соли 1993, новобаста аз он ки дар кишвар Ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, Тоҷикистон тасмим гирифт, то Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намояд. Нигоҳ накарда ба он ҳама душвориҳо, Тоҷикистон эътироф намуд, ки ҳуқуқи кӯдаконро бояд таъмин кард, то онҳо тавонанд, ки аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта фаровон истифода намоянд. Дар 10 кишваре, ки он ҷо фаъолият намудам, чун Тоҷикистон кишвари пешрафта дар ин самтро надидам, - гуфт ҷаноби Л.Калестини.
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш дар Форуми мазкур вобаста ба мавзӯи «Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар рушди ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ» қайд намуд:
- Қабул ва мавриди амал қарор додани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва саъю талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ оид ба эътирофи кӯдак ҳамчун шахсияти комилҳуқуқ ва зарурати бо дар назардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии кӯдакон мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор додани онҳо нуқта гузошт. Конвенсия ҳуқуқи кӯдакро ба ҳаёт, ба ном ва шаҳрвандӣ, тарбия дар оила, ҳимоя аз зуроварӣ, озодии ибрози ақида ва озодии виҷдон, истироҳату фароғат, таҳсил ва саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, истимори иқтисодӣ ва ҳимоя аз ҳамагуна шаклҳои дигари истимор кафолат дод.
Воқеан ҳам, ин саннади тақдирсоз ҳуқуқи кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, ҳамзамон масъулияти волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро бобати таъмин, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро пешбинӣ намуд. Бино ба омори расмӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,7 млн кӯдак умр ба сар мебаранд.