30 сентябри соли равон зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид. Он паҳлуҳои муҳими пешгириву табобати ин бемориро фаро гирифта, ҳамзамон табибонро ба омӯзишу таҳқиқи ин масъала водор месозад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфтааст, ки мавзӯи мазкур ба "таваҷҷуҳи амиқ" ниёз дорад. Баъ аз таҳқиқи ин Вазорат собит гардид, ки 17 дарсади аҳолии кишвар дорои вазни барзиёд буда, 11,3 дарсади дигар аз бемории фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ба ҷуз ин, ошкор шуд, ки 5 дарсади кӯдакони синни мактабӣ низ вазни барзиёд доштаанд, ки омили асосӣ бештар аз маҳсулоти хамирӣ ва ширинӣ истеъмол кардани мардум аст. Таъкид гардид, ки маҳсулоти хамирӣ қисмати асосии ғизои сокинони Тоҷикистонро ташкил медиҳад.