5 ноябри соли ҷорӣ сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид. Дар Конфедератсияи Швейтсария Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ин кишвар Ули Маурер гарму самимӣ истиқбол гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир табодули андеша карданд. Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ули Маурер санадҳои нави ҳамкориро дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.
Санаи 6 ноябр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шавад ва соли оянда ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Санадҳои нави ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, соҳаи савдо ва ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли муттақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари америкоӣ ба имзо расиданд.
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф овард. Дар фурудгоҳи “Орли”-и ин давлат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом самимона истиқбол гирифтанд. Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.
Инчунин 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қимматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд. Барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо ба имзо расонида шуд.
Мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Фаронса, Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон 8 ноябр доир гардид. Дар рафти суҳбат Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон пешниҳод намуд, ки муколамаи миёни Ҷумҳурии Фаронса ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо таъсис дода шавад. Пас аз мулоқот 5 санади нави ҳамкорӣ аз ҷумла, созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ, Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса, Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Фаронса ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023, Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) ва ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна ба имзо расонида шуд.