25 ноябр дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи миллии кино - «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи синамо баргузор мегардад. Фестивали мазкур аз ҷониби Маркази фарҳангии “Бохтар” ва Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” роҳандозӣ гардидааст.
Ба ғолибони фестивал аз рӯи чаҳор бахш - беҳтарин филми пурра, беҳтарин филми кӯтоҳмуддат, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ва барои саҳми арзанда дар рушди кинои миллӣ диплом ва ҷоиза тақдим карда мешаванд. Ба фестивал филмҳои кинематографистони тоҷике, ки давоми солҳои 2018-2019 истеҳсол шудаанд, манзур карда мешаванд. Ҳайати эҷодии филм, аз қабили муаллифи филмнома, коргардон, рассом, оҳангсоз ва наворбардор бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин филмҳо бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия шуда, меъёрҳои ахлоқӣ дар онҳо риоя шуда бошанд.