Аз 11 то 15 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Инчунин дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ки 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд.
14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маънидод мешавад.