Бо мақсади дар сатҳи баланди бадеӣ ва ташкилӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2020 дар шаҳри Душанбе ҷамъомад баргузор гардид. Зимни ҷамъомад иттилоъ дода шуд, ки гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани намоиши театрикунонидашуда бахшида ба таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ таъсис дода шавад. Роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси шаҳри Душанбе - Рустами Эмомалӣ ба зимма дошта, муовинии роҳбари гурӯҳ бар дӯши Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вогузошта шуд.
Гурӯҳи корӣ муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати интихоби мусиқӣ, шеъру суруд ва рақсу таронаҳои наву пурмазмун вобаста ба гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадимии миллати тоҷик ва анъанаҳои таърихии Наврӯз эътибори ҷиддӣ диҳанд. Лоиҳаи сенарияи Иди байналмилалии Наврӯз-2020 дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, бояд то 20 декабри соли 2019 ба Раиси шаҳри Душанбе – Роҳбари гурӯҳи корӣ пешниҳод карда шавад.
Роҳбарии бадеии намоиши театрикунонидашуда дар шаҳри Душанбе ба зиммаи режисёр-таҳиягар, директори Маркази эҷодии «Илҳом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳриддин Раҷабов гузошта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ муваззаф гардиданд. Чорабинии идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегардад.