Санаи 23 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо иштироки муовини раиси роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбонзода, мудири шуъбаи ташкилии ҳизби мазкур Маҳмурод Усмонов ва аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бону» ҷаласаи Ҳисоботии раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бону» баргузор гардид.
Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз нав раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бону» интихоб гардида, ба ҳайси вакил ба Конфронси ХХIХ ҳисоботи интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.
Зимни ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмину тарғиби амният ва суботи сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан, ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, ки бар ивази ҷоннисориҳои ин абармарди миллат ба даст омадаанд, аз ҳадафҳои асосии КИ ҲХДТ ва аъзоёни он мебошанд.