Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии 0120-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳаво барои кору фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шуда, тамоми ҳуҷраҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун толор дорои 240 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дорои имконияти муосир фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунон дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат таъсис ёфтааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.