Санаи 16 октябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Бахшида ба ин ҷашн 16 октябри соли равон дар кинотеатри «Зебунисо»-и пойтахт ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик кушодашавии ҳаштумин Фестивали байналмилалии филмҳои мустанад «Дидор» баргузор шуд ва намоиши филмҳо то санаи 20 октябр идома меёбад.
Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва директори фестивали мазкур Сафар Ҳақдодов хабар дод, ки ин фестивал аз фестивалҳои қаблӣ тафовут дошта, ба хотираи синамогари маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад.