Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Фестивал бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, ҷавонон, занону духтарон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо созмон дода шуд.
Фестивал аз рӯи 8 бахш, аз ҷумла «Либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ», «Либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон», «Бонувон ва модарон», «Либосҳо барои ҷавонон», «Мардон ва мӯйсафедон», «Либосҳои маросимӣ ва идона», «Либосҳои расмӣ (протоколӣ)», «Либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хонаву корхона» баргузор гардид.
Фестивали «Ҷилваи рангҳо» дар се давр баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Иштирокчиёни он - тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандони ин касб, ҳунари волои худро ба алоқамандону дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ намуданд.
Иштирокдорони ҷашнвора, ки аксаран духтарону бонувон ва ҷавонон буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ, ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар анҷом ба ғолибон диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва «Сипоснома» - ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.