Бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» Раҳмон Озода Эмомалӣ бо доираи васеи ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва занони баруманди тоҷик Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон - омили рушди суботи ҷомеа» доир гардид.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори Форум коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон, донишмандону шахсони рӯзгордида аз ҳисоби занону бонувони фаъол ширкат ва суханронӣ намуданд.
Кори Форум аз ду бахш иборат буда, дар қисмати ифтитоҳӣ роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалишавии муносибат ба ҷавондухтарону занон баромад намуданд.
Дар қисмати дуюми Форум, ки аз ҳафт бахш ва қисмати ҷамъбастӣ иборат буд, аз ҷониби коршиносони соҳа масъалаҳои марбут ба ҷавондухтарону занон ва мушкилотҳои ҳаёти занони ҷумҳурӣ мавриди баррасии илмӣ – назариявӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба занон, гаравиши занону бонувон ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, масъалаҳои фаъолияти занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, сабабу омилҳои пешгирии занону бонувон аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бонувон аз ҷониби маърӯзачиён мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар интиҳои Форум қатъномаи он қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷумҳуриявии ҷавондухтарону занон дар доираи интихоб гардидани Озода Раҳмон ба ҳайси Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он баррасии ҳамаҷонибаи дастоварду мушкилоти занони ҷумҳурӣ мебошад.