Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Муассисаи таълимии ғайридавлатии Колеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Левакант ба фаъолият оғоз намуд. Колеҷи мазкур аз рӯи чаҳор ихтисос; дорусозӣ, момодоягӣ, кори табобатӣ ва ҳамширагӣ мутахассисони миёнаи тиббро омода месозад.
Бинобар иттилои Ҳасан Эмомов, директори Муассисаи таълимии ғайридавлатии Колеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Левакант, соли аввали таълим дар колеҷи мазкур 300 нафар донишҷӯ қабул шудаанд, ки аз ин теъдод 93 дарсад духтарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.
- Тибқи муқаррарот минбаъд ҳар сол ба ин муассисаи таълимӣ то 390 нафар довталабон қабул карда мешавад, ки аз ин шумора 90 нафар аз ҳисоби довталабони дорои маълумоти миёнаи нопурра хоҳанд буд. Айни ҳол дар гурӯҳи мазкур 60 нафар ҷавонон таҳсил доранд, - иброз дошт Ҳ.Эмомов.