Дар муаррифии маҷмӯаи «Дастурҳои ғизои мактабӣ» дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Мақсади аслии ба табъ расонидани китоби мазкур, ки 116 номгӯй хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар бар мегирад, таъмини атфол, наврасону ҷавонон бо ғизои солим ба ҳисоб меравад. Таомҳои дар китоб овардашуда, хеле одӣ аз маҳсулоти ғизоии дастрас омода мешаванд.
«Дастурҳои ғизои мактабӣ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия таҳия гардида, барои ошхонаҳои мактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар он ба ҷуз таомҳои миллии тоҷикӣ, хӯрокҳои миллии халқҳои гуногун, аз қабили, Қирғизистон, Арманистон, Россия, Италия, Бразилия ва Америка шомил мебошанд.
Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён озмуни «Беҳтарин таом» баргузор гардид. Иштирокчиён аз сабзавоту меваҷот хӯришҳои гуногун омода намуданд. Мақсад аз баргузории озмун муайян намудани тарзи дуруст ё нодуруст истифода шудани маҳсулот ҳангоми омода намудани хӯришҳои гуногун арзёбӣ гардид.
Нашри аввали китоби «Дастурҳои ғизои мактабӣ» соли 2016 ба табъ расида, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин дар ҷаҳон» элон шуда буд, ки маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.