Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.
Баъди истиқболи самимонаи сокинони шаҳр дар фурудгоҳи байналмилалӣ, Сарвари давлат нахуст аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Зимни боздид аз гармхонаҳои бо усули замонавӣ бунёднамудаи Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон ҷиҳати васеъ намудани майдони гармхонаҳо ва рушди ин соҳаи сердаромад маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, роҳбари давлат оромгоҳи шахсияти таърихии миллати тоҷик, шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи ин макони таърихӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Кӯлоб як зумра иншооти фарҳангӣ - фароғатӣ, аз ҷумла, гулгашти ба номи Сафар Амиршоев, боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайидалӣ Вализода, боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.