Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъйин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ - раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист.
Cозмони мазкур бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси аъзои парламент ва талоши доимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст.
Созмони «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар Исландия ва Белгия бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.
Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Раҳмон Озода Эмомалиро барои сазовор будан ба эътимоди сатҳи баланди байналмилалӣ табрик намуда, дар ин кори масъулиятнок ба бонуи сиёсат муваффақият ва сарбаландӣ таманно доранд!