Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ: «Намаки Ёвон», «Комрон Агро Холдинг», корхонаи муқтадири «Хуаксин Ғаюр семент», фабрикаи «Ваҳдат», фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто», корхонаҳои тозабунёди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Криолит», «Ҷунгтсай Моҳир семент», қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе -
Бохтар, даҳҳо коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 29 бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузоштанд.
Агар дар даврони шӯравӣ дар ноҳия ҳамагӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошт, имрӯз теъдоди онҳо аз 40 адад гузаштааст. Дар ин муддат аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 454 ҳазору 775 тонна семент, 221 ҳазору 200 дона гаҷкартону варақаҳои гаҷӣ, 452,9 тонна риштаи пахтагӣ, 1 миллиону 869,5 ҳазор ҷуфт ҷуроб, 38,2 тонна риштаҳои ранга ва 1306 тонна алюминийи фтордор ба маблағи умумии 222 миллиону 875,8 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 5 миллиону 443,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2019 як бинои шашошёнаи истиқоматӣ, 3 коргоҳи истеҳсолӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ, 4 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ, 3 ҳаммоми замонавӣ, 1 меҳмонхона, 4 коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, 3 сартарошхона, 3 майдончаи варзиш, 27 маркази савдо, 49 маркази хизматрасонию мағозаҳои замонавӣ, анбор, мошинсарой, дорухона, фермаи ширию молӣ, нуқтаи фурӯши ангишт ва масолеҳи сохтмон, 2 нуқтаи таъмири техникӣ ва хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли лӯлаҳои оҳану бетонӣ дар назди корхонаи «Моҳир семент», бинои нави БДА, «Амонатбонк» ва якчанд иншооти дигар сохта ба истифода дода шуданд.
Айни замон дар ноҳия 84 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 97 муассисаи давлатӣ ва 6 муассисаи хусусии тиббӣ, 42 муассисаи фарҳангӣ ва 234 иншооти варзишӣ фаъолият менамоянд.