Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста, биноҳои баландошёна қомат афрохтанд. Танҳо тайи даҳ соли охир дар ҳудуди ноҳия даҳҳо иншооти муҳим, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, неругоҳҳои хурди барқи обӣ, пулу хатҳои оби нӯшокӣ, қасри фарҳанг, меҳмонхона, манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Соли 2010 дар ноҳияи Роштқалъа бинои шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – «Амонатбонк» қомат афрохт, ки дар он вақт барои 21 нафар ҷойи нави корӣ муҳайё гардида буд. Гардиши пулии ин бонк дар ноҳияи Роштқалъа дар 5 моҳи соли 2010 4,5 миллон сомониро ташкил медод, ки ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ худи ҳамон сол қариб ба 500 ҳазор сомонӣ ва сандуқи қарзӣ ба 1,2 миллион сомонӣ баробар буд. Инчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Роштқалъа ифтитоҳ ёфт, ки дар зарфи 2 сол бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ навсозӣ гардид. Варзишгоҳи мазкур дорои 2800 ҷойи нишаст буда, чорабиниҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ дар ин макон доир мегарданд.
Соли 2018 роҳҳои маркази ноҳия мумфарш шуда, хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони 2 бинои истиқоматии 5 – ошёна, ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз ёфт. То Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ биноҳои шуғли аҳолӣ, андоз, сехи дӯзандагӣ барои 100 ҷой сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.
Дар деҳот мактабҳои замонавӣ сохта шуда, қисме аз муассисаҳои қаблӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Барои сокиноне, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ хати оби нӯшокӣ гузаронда шуд ва ин мушкили аҳолӣ ба куллӣ ҳалли худро ёфт.
Ноҳия дорои меҳмонхонаҳои барҳаво, варзишгоҳу китобхона ва бозору фурӯшгоҳҳо мебошад. Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ низ замони соҳибистиқлолӣ ба истифода супурда шуд, ки бо харҷи 14 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардида, дар майдони қариб 2 гектар доман густурдааст. Он дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои беморон мебошад.