Танҳо дар ду соли охир дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия муассисаи томактабии деҳаи Бӯстон барои 60 нафар кӯдак, муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Меҳробод барои 100 хонанда, дар деҳаи Бобои Валӣ барои 100 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои Сари Чашма, Навобод, Баҳористон ва Шукурӣ сохтмони биноҳои замонавии муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии № 6, 26 ва 30 сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ анҷом ёфт, онҳо дар арафаи Соли нави таҳсил мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт диққати ҷиддӣ дода мешавад. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 820 гектар картошка ва дар майдони 711 гектар сабзавот кишт шуд. Баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва бекорхобида тадбирҳои зарурӣ андешида, 8 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр, гулгашти Нишони давлатӣ, бинои дуошёнаи маркази савдо дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, корхонаи хурди коркарди шир, 3 майдони хурди футбол, ду майдончаи бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ, бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва маркази бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи тобистонаи «Ором» ва мағозаи масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Клиникаи байторӣ, китобхона, хона - музейи Дӯстмурод Алиев ва мағозаи молҳои ниёзи мардум дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳудуди деҳоти ноҳия 2 ҳаммом, чор сартарошхона, 8 истгоҳи замонавӣ дар шоҳроҳ, маҷмаи маишию хизматрасонӣ, шаҳрчаи фароғатии сайёҳон, дукони фурӯши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуданд, дар шоҳроҳи Ваҳдат - Лахш дар ҳудуди ноҳия 76 лавҳаи таблиғотӣ насб гардид.