Ҳамасола 9 – уми сентябр Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 8 - 9 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Тавре аз Маркази матбуоти мақомоти шаҳри Душанбе ба маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хабар доданд, дар чор навоҳии пойтахт санаи 8 сентябр, аз ҷумла, дар боғи «Дӯстии халқҳо» - и ноҳияи Фирдавсӣ, боғи «800 - солагии Москва», воқеъ дар назди бинои театри опера ва балети ба номи С.Айнии ноҳияи Шомансур, боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод С.Айни ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва назди бинои Прокуратураи генералии ҶТ ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки санъаткорон ва меҳмонону сокинони шаҳр гузаронида мешавад.
Шоми 9 – уми сентябр таҷлили бо тантанаи 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва барномаи фарҳангии театрикунонидашуда бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегардад.
«Дар ин чорабинӣ тақрибан 36 ҳазор меҳмонону сокинони пойтахт, намояндагони кишварҳои хориҷ ва кормандони Неругоҳи барқии обии «Роғун» ширкат хоҳанд кард», - афзуд манбаъ.