“Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохта шудааст, бо иштироки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Беморхонаи мазкур дорои 6 ошёна ва таҳхона буда, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои муолиҷаи кӯдакон 200 кати хоб ҷудо гардидааст, ки дар ҳуҷраҳои муолиҷавӣ ҷой дода шудаанд.
Ҳар кадоме аз шӯъбаҳо дар қабатҳои алоҳидаи бино ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, шӯъбаи наҷоту бемориҳои қатрагӣ дар ошёнаи якум, шӯъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ дар ошёнаи дуюм, шӯъбаи бемориҳои сироятӣ дар ошёнаи сеюму чорум ва дар ошёнаи панҷум шӯъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин утоқҳои кории маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ҷо дода шудаанд. Ошёнаи шашумро кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ фаро гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони беморхонаи мазкур соли 2018 шурӯъ гардида, моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расид. Айни замон дар ин ҷо 260 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна фаъолият менамоянд.