Ҳамасола 1 –уми сентябр дар кишварамон аз Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаро имсол Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, сипас дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок карданд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои нави Донишкада суҳбат бо донишҷӯёну устодони ин даргоҳ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки бинои нави донишкада дорои 12 ошёна буда, аз 2 қисм – маъмурию таълимӣ ва ҳамчунин, хобгоҳ иборат мебошад. Дар бинои мазкур 1320 нафар донишҷӯ метавонанд дар як баст таълим гиранд. Инчунин, барои устодону донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ хобгоҳи нави замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон, онҳо метавонанд, вақтҳои холигии худро дар толорҳои варзишу маҷлисгоҳ ва китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ сипарӣ намоянд.
Дар охири суханронии худ Сарвари давлат барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба роҳбарияти Донишкада, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили дода шавад.